Суперҷоми Тоҷикистонро «Ҳосилот» ба Фархор бурд

Март 6, 2017 16:36

ДУШАНБЕ, 06.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор 4 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дар ҳузури 14 ҳазор тамошобин ғайричашмдошти мутахассисони соҳаи варзиши кишвар, чемпиони Тоҷикистон- «Истиқлол»-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда, бори аввал дар таърих соҳиби Суперҷоми мамлакат гардид ва онро ба Фархор бурд.
Шиддати бозӣ он қадар баланд буд, ки мухлисонро аз оғоз то ба анҷом бетараф нагузошт. Дар як маврид дар дақиқаи 9-уми бозӣ, ҳамлагари ганагии «Ҳосилот» Агблей Ҷонс бо дарвозабони «Истиқлол» Никола Стошич як ба як баромад. Дарвозабон бо душворӣ тӯбро ба ҷониби Хайрулло Азизов баргардонд ва зарбаи такрории Хайрулло Азизов ба дарвозаи холии «Истиқлол» ворид шуд. Голи дуюмро Агблей Ҷонс дар дақиқаи 30-юм муаллифӣ кард. Ин легионери ганагии дастаи «Ҳосилот» дар мавсими нави футбол бисёр аз дарвозабонҳоро ба ташвиш хоҳад гузошт. Нимаи аввал бо ҳисоби 2:0 ба нафъи «Ҳосилот» ҷамъбаст шуд.
«Истиқлол» баъди ба майдон омадани бозингарон Ҷаҳонгир Алиев, Ромиш Ҷалилов ва Манучеҳр Ҷалилов бозии худро тағйир дод, аммо танҳо як голи задаи Дмитрий Барков, легионери руси дастаи «Истиқлол» дар дақиқаи 89-ум ба баробар кардани натиҷа кумак накард.
«Ҳосилот»-и Фархор дар аввалин ширкаташ барои Суперҷом муваффақ шуд, ки ба комёбӣ ноил гардад ва дар саҳифаи таърихи даста хатҳои зарринеро бо номи «Суперҷоми Тоҷикистон -2017» сабт намояд.
Суперҷоми Тоҷикистон.
«Истиқлол» (Душанбе) — «Ҳосилот» (Фархор)- 1:2.
Муаллифи голҳо: Хайрулло Азизов, 8 (0:1). Агблей Ҷонс, 29 (0:2). Дмитрий Барков, 87 (1:2).
Ҳайатҳои дастаҳо:
«Истиқлол»: Никола Стошич, Артём Барановский, Дэвид Мавутор, Соҳиб Саванқулов (Ромиш Ҷалилов, 35), Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Эргашев (Ҷаҳонгир Алиев, 35), Фатҳулло Фатҳуллоев, Амирбек Ҷӯрабоев, Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, (Манучеҳр Ҷалилов, 35) Дмитрий Барков.

«Ҳосилот»: Рустам Ризоев, Ойбек Абдуғаффоров, Мӯсо Содиқ, Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов, Иброҳим Рабимов, Хайрулло Азизов (Наврӯз Рустамов, 83), Абдурасул Раҳмонов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Шодибек Ғаффоров (Гершон Акуффо, 13), Агблей Ҷонс.
Огоҳӣ: Мӯсо Содиқ, Гершон Акуффо, Ойбек Абдуғаффоров, Ҳасан Рустамов («Ҳосилот»), Артём Барановский («Истиқлол»).
Бозингари беҳтарин: Агблей Ҷонс («Ҳосилот»)
Довари майдон: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд) -8.
Нозири доварон: Муҳаммадҷон Қурбонов (Хуҷанд).
Комиссари бозӣ: Комрон Шодиев (Душанбе).
Ваврзишгоҳи шаҳри Ҳисор. 14 000 тамошобин

Март 6, 2017 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид