Таҷлили 105-солагии «Бухорои шариф» дар Ҳисори шодмон
«Матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷомеаро аз бисёр нокомиҳо ва падидаҳои зараровар раҳо карда метавонад».
Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 13.03.2017/АМИТ «Ховар»/. 105 -солагии нашри нахустин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф», ки ҳамасола 11 март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи матбуот таҷлил мегардад, дар шаҳри Ҳисор бо иштироки рӯзноманигорони маҳаллӣ, кормандони расонаҳои расмию мустақили кишвар ва собиқадорони матбуот бо баргузории ҷамъомади тантанавӣ дар сатҳи баланд ва пуршукӯҳ таҷлил гардид.
Шарифҷон Ҷумъазода-раиси шаҳри Ҳисор кормандони воситаҳои ахбори оммаро бо Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда, доир ба ҷойгоҳи воситаҳои ахбори омма дар рушду таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, сулҳу ваҳдат, раванди созандагию бунёдкорӣ дар кишвар муҳим арзёбӣ намуд. Мавсуф доир ба таърихи матбуоти тоҷик, нақши кормандони расонаҳо дар ташаккули ҷомеаи дунявӣ ибрози назар намуда, таъкид кард, ки фаъолияти пурсамари воситаҳои ахбори омма, ки дар ҷомеа ба ҳайси ҳокимияти чорум пазируфта шудааст, дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеа, дигаргуниҳои ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ ва иқтисодию фарҳангии кишвар аз ҷойгоҳи шоиста бархӯрдор аст. Хусусан ҳар навиштаҷот ва суханони созандаю воқеъбинонаи рӯзноманигорон неруи бузургест дар ташаккули ҷомеаи мардумсолории Тоҷикистон.
Бо дахли тавсеаи робита байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва ВАО, Шарифҷон Ҷумъазода таъкид кард, ки: «мо ҷонибдори ҳамкории густурда бо намояндагони ВАО ҳастем, зеро ҷомеа дар симои кормандони ВАО пуштибони худро мебинад». Раиси шаҳри Ҳисор аз рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки бо навиштани мақолаҳои таҳлилии воқеъбинона ҷиҳати ҳалли камбудию норасоиҳое, ки дар ҷомеа вуҷуд доранд ва ба пешгирии баъзе омилҳо мусоидат менамоянд, фаъол бошанд, дар ин росто зикр кард, ки мо бояд пеш аз ҳодиса қадам гузорем. Ва мо ҷонибдори таҳияи маводи таҳлилии журналистие мебошем, ки ба ҳалли мушкилоти ҷомеа мусоидат менамоянд ва агар онҳо асоси воқеӣ дошта бошанд.
Ҳамзамон кормандони ВАО-ро Наҷмиддин Шоҳинбод, муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо иди касбӣ табрик намуда, таъкид кард, ки водии Ҳисор хазинаи журналистикаи муосири тоҷик аст, зеро аз ин водии зархез алҳол беш аз 200 нафар рӯзноманигорон дар ВАО- и кишвар дар паи иҷрои рисолати касбӣ мебошанд.
Дар охир раиси шаҳри Ҳисор иддае аз собиқадорони матбуот ва намояндагони расонаҳоро бо ифтихорномаҳо сарфароз намуд. Ҳамзамон ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор дар Рӯзи таҷлили иди матбуот барномаи рангини консертиро ҳамчун армуғони идона пешкаши аҳли қалам-кормандони ВАО гардониданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






