Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
КӮЛОБ, 25.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Наврӯзи байналмилалӣ бо риояи тамоми суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил гардид. Устодону донишҷӯён либосҳои миллӣ ба бар карда, дастурхони идона ва ҳафтсину ҳафтшин густурданд.
Роҳбарияти донишгоҳ ҳозиринро бо Наврӯзи хуҷастапай табрик намуданд. Зикр гардид, ки бо ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон гардид ва аксари давлатҳои сайёра аз ин ҷашни ориёӣ истиқбол мекунанд.
Ҳамчунин дар ин рӯз донишҷӯёну омӯзгороне, ки дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ширкат карда, ҷойҳои ифтихориро сазовор гардида буданд, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.








Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






