Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил дар Маркази миллии бемориҳои силу шуши ҷарроҳиҳои қафаси сина
ДУШАНБЕ, 25.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 24 марти соли равон дар Маркази миллии бемориҳои силу шуши ҷарроҳиҳои қафаси синаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии барномаи USAID бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил ҳамоиш баргузор гардид.
Фирӯз Шарипов, директори Маркази миллии бемориҳои силу шуши ҷарроҳиҳои қафаси сина иброз дошт, ки ҳоло дар марказ 280 нафар беморони гирифтори сил бистарӣ буда, ин шумора нисбат ба солҳои қаблӣ камтар ба назар мерасад.
«Маркази миллии бемориҳои силу шуши ҷарроҳиҳои қафаси сина бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии беморон, хешу табори онҳо ва коргарони марказ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондааст. Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо «Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди сил» ва Лоиҳаи ХОУП ба маркази миллии бемориҳои силу шуши ҷарроҳиҳои қафаси сина дастгоҳҳои замонавӣ ворид гардиданд, ки тавассути онҳо беморон сари вақт аз ташхис гузашта, ба табобат фаро гирифта мешаванд»,- гуфт Фирӯз Шарипов.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад






