Тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Хоруғ ҷараён доранд
ХОРУҒ, 25.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳру деҳоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад. Сокинони маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ низ Наврӯзи имсоларо дар толори навбунёди варзишӣ таҷлил намуданд.
Иҷрокунандаи раиси шаҳри Хоруғ Арамбегим Маҳтобшоҳзода ҷашни Наврӯзро яке аз идҳои маҳбуб ва дӯстдоштаи халқи тоҷик унвон намуда, баён дошт, ки «таҷлили пуршукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар саросари Тоҷикистон, бахусус дар ВМКБ далели он аст, ки Тоҷикистон воқеан ватани Наврӯз аст, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз аст, ки дар ҷаҳонишавии он нақши муассир гузоштааст».
Мавриди зикр аст, ки соли 2009 муассисаи илмию фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид -ЮНЕСКО бо пешниҳоди кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро ба феҳристи мероси фарҳанги башарӣ ворид намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад






