Тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа идома доранд
ДУШАНБЕ, 25.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Қӯрғонтеппа тантанаҳои наврӯзӣ аз намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ оғоз гардида, дар варзишгоҳи «Пахтакор» бо барномаи театрикунонидаи наврӯзӣ идома ёфт.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амирулло Асадулло, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа зимни сухани табрикӣ омадани Наврӯзи ҳуҷастапайро барои мардуми вилоят муборакбод гуфтанд.
Раиси вилоят,аз ҷумла зикр кард, ки «ягон анъанаи наврӯзӣ аз ибтидои пайдоиш то кунун арзиши ахлоқӣ, фалсафӣ ва башардӯстиашро гум накардааст, баръакс бо мурури замон ин арзишҳо бо назардошти воқеияти пуртаззоди зиндагии мардумон ва кишварҳои мухталифи дунё, мухолифатҳову муноқишаҳо, ҳикмати муҳими гиромӣ доштани ҳаётро дар сайёраи Замин таҷассум мекунанд».
Барномаи пурмуҳтавои идонаро, ки ифодагари суннату ойинҳои наврӯзӣ, сулҳу баҳамоӣ, дӯстию рафоқат, оростани дастурхону оғози кишту кори баҳорӣ ва дигар рамзҳои ин ҷашни бостонӣ буд, беш аз 10 ҳазор нафар дар варзишгоҳ тамошо карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






