Вазъи обу ҳаво: моро дар Рӯзи Модар чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ДУШАНБЕ, 07.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯйи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, рӯзи 8 марти соли равон дар қаламрави кишвар ҳавои тағйирёбанда шуда, дар шаҳри Душанбе шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво 8 март аз 14 то 16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳаво дар ғарби вилоят 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво то 13 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон ҳаво тағйирёбанда буда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон дар назар аст. Дар ин рӯз ҳаво 14-19 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо 8-13 дараҷа гарм хоҳад гашт. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар водиҳо аз 10 то 15 дараҷа ва 8 март 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво то 6 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 2 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






