18 апрел — Рӯзи байналмилалии ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ ҷашн гирифта мешавад

Апрель 18, 2017 10:19

ДУШАНБЕ, 18.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо  қарори ЮНЕСКО   шурӯъ  аз  соли 1984 ҳамасола   18 апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳо ва  ҷойҳои таърихӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  дар ин мавзӯъ Шералӣ Хоҷаев, номзади илмҳои бостоншиносӣ, мудири шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси  таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  чунин ибрози назар кард:

-Бақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бори аввал дар ҷумҳурӣ  соли 1950  оғоз гардида,  тибқи рӯйхати мазкур 205 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалӣ, инчунин 159 адад ёдгориҳои бостонии бақайдгирифташуда, вале таҳқиқношуда ва давраи дуюми бақайдгирии он  соли 1971 сурат гирифта,   2020 адад ёдгории  таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалиро дар бар мегирифт.

Маҳз дар  давраи соҳибистиқлолии кишвар  ин соҳа рушд ёфта, шумораи муассисаҳои вобаста ба ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маротиб афзуд. Таъсиси Муассисаи давлатии Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук, Муассисаи давлатии Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара, Муассисаи давлатии маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрўд, Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ натиҷаи дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар  мебошанд. Умуман дар давоми 25 соли истиқлолияти кишвар шумораи кормандони соҳа аз 48 нафар ба 161 воҳиди корӣ расида, таваҷҷуҳ ва муносибат бо мероси ниёгон ва худшиносии миллию ватандўстӣ хеле боло рафтааст.

Дар  ин давра бобати  корҳои тармиму барқарорсозӣ ва маҳфузмонии ёдгориҳои моддӣ зиёда аз 50 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ ба маблағи умумии 35987 миллион сомонӣ    аз ҳисоби буҷети Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба анҷом расонида шудааст. Ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ  ва меъмории  Мақбараи Зайналобиддини ноҳияи Ҷиликул, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Мақбараи Хоҷа Дурбоди ноҳияи  Шаҳритус, Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  дар шаҳри Кўлоб, Мақбараи Абулқосими Гургонӣ  дар  ноҳияи  Айнӣ, Мақбараи Хоҷа Аюби Ансорӣ, Мақбараи Ҳазрати Султон дар ноҳияи  Ховалинг, Мақбараи Мавлоно Қутбиддин дар ноҳияи  Балҷувон, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Мавлоно Обиддин, Хоҷаи Заррин, Шаҳидҷон дар   ноҳияи  Данғара, Масҷиди Мавлоно Усмони Чархӣ дар шаҳри  Истаравшан, Мақбараи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Қалъаи Санҷаршоҳ дар шаҳри  Панҷакент, хона-музей ва мақбараи шоир Нақибхон Туғрал  дар ноҳияи  Айнӣ, мақбараҳои Хоҷаи Нур ва Шоҳи Хомўш  дар ноҳияи Муъминобод, Қалъаи Вомари ноҳияи  Рўшон, Қалъаи Ҳулбуки ноҳияи  Восеъ, Қалъаи Балҷувон, Қалъаи Мўъминобод, ёдгориҳои мамнӯъгоҳи Ҳисор, Қалъаи Ўрда дар шаҳри Исфара, Масҷиди Чилсутун дар ноҳияи  Деваштич, Қалъаи Муғтеппа дар ноҳияи  Шаҳристон номгӯи як миқдор ёдгориҳоеанд, ки  дар давраи  соҳибистиқлолии кишвар  мавриди омўзиш, тармим ва барқароргардӣ қарор гирифтаанд.

Ҳамчунин аз соли 1991 то имрӯз дар ҷумҳурӣ 14 номгӯй  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бобати  ҳифзи ёдгориҳои таъихию фарҳангӣ  қабул гардидаанд. Соли 2016 лоиҳаи Феҳристи объектҳои мероси моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расида, ба Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» пешниҳод  гардид. Тибқи лоиҳаи мазкур   миқдори умумии ёдгориҳои моддӣ дар ҷумҳурӣ 3047 адад  муайян гардидааст. Ин  рақам ниҳоӣ набуда,  бо назардошти иловаи ёдгориҳои бостонӣ шумораи онҳо меафзояд.

Баъди гузаронидани расмиёти зарурӣ  шакли электронии Феҳрист ба бойгонии шабакаи ягонаи мероси фарҳанги ҷаҳонӣ ворид  мешавад.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» қабул гардида, марҳилаи якум солҳои  2012-2015-ро дар бар гирифт. Дар ин давра 20  ёдгории таърихию фарҳангӣ таъмиру барқарор гардиданд.

Марҳилаи дуюми  амалигардонии он солҳои 2016-2020  оғоз ёфта, ба он тармим ва барқарорсозии 23 ёдгории нисбатан бузург, аз қабили ёдгориҳои меъмории мақбараи Хоҷа Аюби Ансорӣ дар ноҳияи Ховалинг, Қалъаи Муъминобод, мақбараи Хоҷаи Заррин дар ноҳияи Данғара, Муғтеппа дар шаҳри Истаравшан, Мадрасаи Абдуллохон дар шаҳри Исфара ва Қалъаи Вомар дар ноҳияи Рўшон ворид гардидаанд.

Қобили тазаккур аст, ки дар доираи барномаи давлатӣ дар маҷмӯъ таъмиру тармими 25 қалъа, 7 мақбара, 5 мадраса, 3 масҷиди таърихӣ, 3 маъбади қабл аз исломӣ дохил шуда, 17 ёдгорӣ тармим, 11 ададаш   барқарор, 8  ададаш нигаҳдошт, 5 –тоаш  қисман барқарор ва 2 адади дигар   тармим хоҳанд шуд. Маблағи умумии барои Барнома пешбинишуда 67,8  миллион сомониро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 60 миллиони он  маблағҳои буҷавӣ мебошанд.

Дар иртибот ба  талаботи Феҳристи объектҳои таърихию фарҳангӣ ва бандҳои дахлдори «Барномаи давлатии ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» корҳои амалӣ идома дошта, ҳамзамон татбиқи нақшаи «Тарғиби ёдгориҳо тавассути ЮНЕСКО»шурӯъ гардид.

Баҳри тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар китоби «Роҳи Абрешим» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, харитаи «Ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳроҳи Бузурги  Абрешим», инчунин мақола ва тақризҳои рисолаҳои илмӣ ба чоп омода гардиданд.

Пешбурди корҳои ҳуҷҷатнигории бахшҳои ёдгориҳои  бостонии «Шаҳраки Бунҷикат» тавассути гузаргоҳи «Панҷакент-Самарқанд-Пойканд», «Дайри буддоии Аҷинатеппа» тавассути гузаргоҳи «Амударё», Маҷмааи меъмории Қалъаи Хуҷанд ва тасвирҳои рўисангии ноҳияи Ашт ҷиҳати пешниҳод ба Феҳристи ёдгориҳои моддии ЮНЕСКО дар арафаи анҷомёбианд.

Ҳамзамон соли ҷорӣ анҷом додани  тадқиқоти бостоншиносӣ дар  ноҳияҳои Мастчоҳи кўҳӣ, Восеъ, Сангвор ва Рашт пешбинӣ гардида,  ворид намудани як зумра ёдгориҳо ба Мероси умумиҷаҳонии  фарҳангии ЮНЕСКО, инчунин тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ тавассути интишорот ба нақша гирифта шудааст.

Дар асоси дархости шаҳрвандон ва шахсони  ҳуқуқию воқеӣ семоҳаи аввали соли равон  21 ташхиси тахассусӣ ва як ҷаласаи  Комиссияи экспертизаи бадеӣ баргузор гардида, аз ҷумла ба  муҷассамаи Сайфиддини Исфарангӣ дар шаҳри Исфара, китоби комили  Қуръони Карим мансуб ба асри 18, ки аз қочоқчиён боздошт гардидааст, ба 5 адад маводи номатлуб ва 14 адад сарватҳои фарҳангӣ хулоса ва маълумотнома пешниҳод гардид.

Муассисаи давлатии иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба тармими ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ –«Тоҷик МДМЁ» дар ҳамкорӣ бо  Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншоотҳои  инфраструктураи иҷтимоии шаҳри Кўлоб лоиҳаи девори қисми шимолӣ,  манора-дидбонгоҳи мудофиавӣ, ободонӣ ва бо обтаъминнамоии  гулгашти Қасри Ҳулбукро ба маблағи 1 миллион сомонӣ омода ва ба  ташхиси давлатӣ пешниҳод намуд.

Соли ҷорӣ барои корҳои тармим ва барқарорсозӣ дар ёдгории Қалъаи Ҳисор 2 миллион  сомонӣ пешбинӣ гардида, корҳои амалӣ оғоз  ёфтанд.

Танҳо дар 3 моҳи соли 2017 аз  Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии «Мамнӯъгоҳи  таърихӣ-фарҳангии Ҳисор» 5312 нафар дидан намуда, даромади муассиса аз ҳисоби хизматрасонӣ 12 382 сомониро ташкил  дод.

Аз ҷониби кормандони  Муассисаи давлатии Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии «Ҳулбук» бахшида ба таҷлили 20-солагии Ваҳдати миллӣ  лоиҳаи роҳнамо бо забонҳои русӣ ва англисӣ таҳия гардида,  экспозитсияи осорхона қисман таҷдид  шуда,  дар ин давра 1885 нафар аз  он дидан намуданд.

Аз Муассисаи давлатии Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд дар  3 моҳи соли 2017  815 нафар шаҳрвандони  кишвар ва 57 нафар сайѐҳони хориҷӣ дидан намуда,  маъмуриятти муассиса 4 намоиши сайёрро  ташкил намуд.

Зимнан, аз  Осорхона- Мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара дар ин муддат 1383 нафар шаҳрвандони кишвар ва 305 нафар сайёҳони хориҷӣ  дидан намуда, маъмурияти  Муассисаи давлатии Осорхона-мамнӯъгоҳи  ҷумҳуриявии ба номи Восеъ дар  ҳамкорӣ бо кормандони Институти  таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин тадқиқот анҷом дода, аз мавзеи таърихии Сари Ҷари ноҳияи Ховалинг 34 адад нигораҳо дарёфт намуданд.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  амал намуда, бобати ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳои таърихии фарҳангӣ  тадбирҳои судманд андешида, тасмим гирифтааст, ки ин мавзеъҳоро ба  макони дӯстдоштаи  меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ табдил диҳад.

 

Рухсораи НУР

Апрель 18, 2017 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Конибодом ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
«БАРОИ СУЛҲ ВА ДӮСТӢ». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон фестивали байналмилалӣ оғоз гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Бахшида ба он дар дувоздаҳ шаҳру ноҳияи Тоҷикистон фестивалҳои футбол доир мешаванд
Имрӯз бори нахуст Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияиҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони бошиддат дар назар аст
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Рӯзи ҷавонон бо шаҳомати хосса таҷлил карда шуд
Ба ифтихори Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Роғун бо иштироки зиёда аз 2500 нафар роҳпаймоӣ доир гардид
Дар Душанбе нишасти матбуотии Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор гардид
СИГНАХИ. Шаҳри муҳаббат ва маконе дар Гурҷистон, ки дар он ҳамеша сулҳ пойдор будааст
«МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ОЙИНИ ХУДШИНОСӢ». Дар ноҳияи Синои пойтахт даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
ҶАВОНОН-НЕРУИ СОЗАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Фархор Рӯзи ҷавононро таҷлил намуданд