А. Азизоғлу: «Наҳзатиҳоро аз Туркия ронданд”
ДУШАНБЕ, 18.04.2017. /АМИТ “Ховар”/. Мақомоти Туркия аъзоёни созмони мамнӯи ҲНИТ-ро аз Ҷумҳурии Туркия бадарға намуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ “Ховар” бо истинод ба корманди Вазорати корҳои дохилии Туркия Алӣ Азизоғлу хабар дод.
Мақомоти Туркия таърих, фаъолият ва сохтори ҲНИТ-ро омӯхта, ба хулосае омаданд, ки ҲНИТ воқеан ҳам ба Ҷумҳурии Туркия хатари ҷиддӣ дошта, аз “созмони террористии Фатҳуллоҳ Гюлен фарқе надорад”. Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки ҳукумати Ҷумҳурии Туркия ҳама гуна табаддулот ва амалҳои террористиро маҳкум менамояд.
Ҷумҳурии Туркия 15 июли соли 2016 табаддулоти нокоми давлатиро аз сар гузаронид. Бо ин сабаб ҳукумати ин мамлакат ниятҳои аслӣ ва нопоки чунин созмонҳоро хуб дарк менамояд ва ҷиҳати пешгирии амалҳои террористии аъзои ҲНИТ дар қаламрави Туркия ҳамаи онҳоро аз Ҷумҳурии Туркия берун сохтааст.
Маъмури Вазорати корҳои дохилии Туркия зикр намуд, ки мақомоти онҳо дастур гирифтаанд, ки тарафдорони ҲНИТ-ро дар қаламрави Туркия дубора роҳ надиҳанд.
Гузашта аз ин, корманди Вазорати умури дохилаи Туркия чунин иброз дошт: “Бино ба пешниҳоди ҷониби Туркия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти муассисаҳои таълимии марбут ба созмони террористии Фатҳуллоҳ Гюленро бастанд. Ҷумҳурии Туркия низ барои рушди муносибаҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм аъзои созмони террористии ҲНИТ-ро аз ҳудуди Туркия хориҷ намуданд”. Ба гуфти ҳамсуҳбати хабарнигори мо, мақомоти низомии кишвараш дигарбора террористони наҳзатиро дар Туркия қабул намекунанд.
Хотиррасон менамоем, ки қаблан Сарвазири Туркия Бинамӣ Йилдирим дар суҳбат бо хабарнигори агентии “Рейтер” изҳор дошта буд, ки мақомоти кишвараш қаламрави Туркия ва сарҳадоти онро аз ҳама гуна гурӯҳҳои террористӣ тоза хоҳанд кард.
Ҷамшед НАЗАРОВ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






