Адибону ҳунармандон-дар меҳмонии бинокорони НБО-и Роғун
ДУШАНБЕ, 26.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик се самти асосию стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб намуданд, ки яке аз онҳо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Ин суханро Муҳиддин Пайшанбезода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа имрӯз зимни сафари кории гурӯҳи таблиғотиву ташвиқотӣ ҷиҳати суҳбату мулоқот бо ҳайати кормандони НБО-и Роғун иброз дошт.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, гурӯҳи кориро Муҳиддин Пайшанбезода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа роҳбарӣ намуда, ба ҳайати он Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон, Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзо, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Саидмуродов, муовини директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҷон Ғафуров ва дигарон шомил буданд.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони ин иншооти барои миллати тоҷик муҳим ва тақдирсоз таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, 10 октябри соли 2016 зимни суханронии худ дар маросими иваз кардани маҷрои дарёи Вахш чунин гуфтанд: «Моҳи декабри соли 2018 неругоҳи Роғун ба истеҳсоли неруи барқ оғоз мекунад ва нури Роғун дастраси ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон гашта, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта мешавад».
Шоиру нависандагон дар назди кормандони неругоҳи барқи обии Роғун дар васфи ин иншооти азими аср шеърҳо хонда, онҳоро ба меҳнати созанда даъват карданд. Ҳунармандони ансамбли «Дарё»-и назди Кумитаи телевизион ва радио бо суруду таронаҳои ватандӯстона хотири бинокорони ин иншооти асрро болида намуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






