Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болоравии нархи орд дар Хоруғ ҷилавгирӣ намуд
ХОРУҒ, 27.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бар асари омадани сел ва афтодани кӯҳпораҳо дар чанд моҳи охир чандин бор роҳи мошингарди Хоруғ -Душанбе баста шуд ва нархи баъзе аз маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла орд баланд гардид. Инро ба назар гирифта, корхонаи ордбарории деҳаи Сучон, ки мутааллиқ ба Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, дар бозори марказӣ ва бозори «20-солагии Истиқлолияти давлатӣ»-и шаҳри Хоруғ фурӯши ҳамарӯзаи ордро ба роҳ гузошт. Як нафар масъули корхона Ҳасан Абдуразоқов гуфт, ки «ҳоло корхонаи мо дар як шабонарӯз аз 45 то 50 тонна орд истеҳсол мекунад ва онро ба бозорҳои шаҳри Хоруғ ва деҳоти дурдаст интиқол медиҳад. Ин тадбир имконият фароҳам овард, ки сарфи назар аз роҳбандӣ нархи орд дар бозору мағозаҳо муътадил нигоҳ дошта шавад».
Дар назди корхона низ мағоза ба кор даромад ва акнун сокинони деҳоти водии Ғунд аз ҳамин мағоза орд мехаранд. Масъулини корхона изҳор намуданд, ки то охири моҳи май мизони истеҳсоли ордро поин нахоҳанд бурд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






