Ҳайвоноти ваҳшӣ дар ҷустуҷӯи ғизо аз қуллаи кӯҳҳои Помир ба маҳалҳои аҳолинишин фаромаданд

Апрель 27, 2017 10:44

ХОРУҒ, 27.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Боришоти пай дар паи зимистони имсола барои парандагону ҳайвоноти ваҳшӣ низ мушкилоти зиёд ба бор овард. Дар Бадахшон барфи ғафс ҳанӯз ҳам заминро пӯшонидааст ва ҳайвонот ба буттаву алафи кӯҳӣ дастрасӣ надоранд, бинобарин иҷборан ба деҳоти назди кӯҳдоманҳо рӯ меоранд.

Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мулкамон Назаралиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «мутахассисони мо дар ҳамкорӣ бо мудирияти Боғи миллии Тоҷикистон, мамнӯъгоҳи «Зоркӯл», Ассотсиатсияи шикорчиён ва волонтёрон аз моҳи январи соли равон корҳои биотехникиро оғоз карданд ва ба иллати ғафсии барфу сардии ҳаво то ҳол ин маъракаро идома медиҳанд. Айни ҳол дар нуқтаҳои ҷамъшавии ҳайвонот зиёда аз 5 тонна хӯроки чорво, 300 килограмм намак захира карда шудааст.  Ҳодисаҳои ба маҳалҳои аҳолинишин  фаромадани бузи кӯҳӣ ва гӯсфанди Марко Поло дар деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшон, деҳаи Бунии ноҳияи Шуғнон, деҳаи Оқҷари ноҳияи Мурғоб ба  мушоҳида расид».

Ба иттилои ҳамсуҳбат, мутахассисони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят  галаи гӯсфандони Марко Поло ва бузи кӯҳиро   боз ба кӯҳҳо «гусел намуда», чанд тонна алафро низ дар доманакӯҳҳо партофтанд.

Аксарияти ҳайвоноти нодир, ба мисли гӯсфанди Марко Поло ва бузи кӯҳии сибирӣ дар ноҳияи Мурғоб, ки шомили Боғи миллии Тоҷикистон буда, масоҳати он 1 миллиону 487 гектар мебошад, ба қайд гирифта шудаанд.

Апрель 27, 2017 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад