Ҳамасола 2 дипломати тоҷик ба давраҳои омӯзишӣ дар Олмон ҷалб карда мешаванд

Апрель 27, 2017 10:47

ДУШАНБЕ, 27.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел дар  Вазорати корҳои хориҷии Олмон мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов бо роҳбари барномаҳои байналмилалии омӯзишии Вазорати корҳои хориҷии Олмон Стефан Бидерман баргузор шуд.

Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд,  Сафири Тоҷикистон ҳамсуҳбаташро бо 25-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Олмон табрик намуда, сатҳи ҳамкории дуҷонибаи гуногунҷабҳаи ҳарду кишвари дӯстро самарабахш арзёбӣ намуд. Ба мавзӯи ҳамкории байни вазоратҳои корҳои хориҷии ҳарду кишвар дахл карда, Сафир омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои рушди ҳамкорӣ дар самти ҷалби дипломатҳои ҷавони тоҷик ба давраҳои омӯзишӣ дар Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Олмон изҳор намуд.

Стефан Бидерман иброз дошт, ки ҷониби олмонӣ ҳавасманд аст ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон дар оянда низ пайваста густариш ёбанд ва омодагӣ изҳор намуд, ки дар бахши ҳамкорӣ дар доираи барномаи байналмилалии омӯзиши дипломатҳои ҷавон ҳамасола 2 дипломати тоҷик ба давраҳои омӯзишӣ дар Олмон ҷалб шаванд.

Суҳбат дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ доир гардид.

 

Апрель 27, 2017 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд