Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба зарардидагони заминларзаи ВМКБ кӯмак мерасонад

Апрель 22, 2017 09:20

ДУШАНБЕ, 22.04.2017./АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти Ҳилоли АҳмариТоҷикистон (ҶҲАТ) тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2017 ироаи марҳилаи якуми кўмакҳои башардўстонаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайтро ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оғоз намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ҶҲАТ хабар доданд.

Кўмакҳои мазкур маводи озуқаворӣ ва ғайриозуқавориро дарбар гирифта, ба 900 оилаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки 7 декабри соли 2015 дар натиҷаи заминҷунбӣ зарар дида буданд, пешбинӣ гардидааст.

Расмиёти расонидан ва тақсимоти ин кўмакҳо ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ВМКБ мутобиқи Созишномаи ҳамкории байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайт, ки  21 феврали соли 2017 имзо гардидааст,  ба роҳ монда шуда, аз се марҳила иборат мебошад. Марҳилаи ниҳоии он 20 майи соли 2017 бо иштироки бевоситаи намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайт ба анҷом расонида мешавад.  Дар маҷмуъ ин кўмакҳо 500 000 доллари ИМА-ро ташкил намуда, ба ҳар як оила 50 кг орд, 3 литр равған, 5 кг биринҷ, 5 кг шакар, 5 кг макарон, 5 кг лубиё, дигар маводи хўрока, ҳамзамон маводи ғайрихўрока, аз қабили ангишт, бухорӣ (печка), кампал, бистар, болишт, таҷҳизоти сохтмонӣ, бастаи гигиенӣ, маводи ошхона ва ғайраро дарбар мегирад.

Тақсимоти ин кўмакҳо аз ҷониби ихтиёриёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои  ин вилоят амалӣ карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Маркази хайриявии Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ баъди рух додани ин офати табиӣ оғоз аз моҳи декабри соли 2015 то моҳи майи соли 2016 ба 1500 оилаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон чунин кўмакҳои башардўстона дастрас намуда буд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон яке аз кӯҳантарин созмонҳои башардӯстона дар кишвар буда, пайваста ба мардуми ниёзманд дасти ёрӣ дароз мекунад. ҶҲАТ дар ироаи ёрии башардӯстона ба қурбониён ва осебдидагони  офатҳои табиӣ, аз ҷумла сел, лағжиши замин, хушксолӣ ва зилзилаҳо, ки мутаассифона, зуд-зуд дарТоҷикистон рух медиҳанд, нақши асосӣ мебозад. Ҷамъият дар миқёси кишвар ҳамчунин дар омодагӣ ва вокуниши саривақтӣ ба офатҳои табиӣ, огоҳ намудани аҳолӣ аз хатари минаҳо, ба табақаи ниёзмандон дастрас намудани кўмакҳои башардўстона, расонидани ёрии аввали то тиббӣ  ва дигар чорабиниҳои хайриявию мададрасонӣ  фаъолият менамояд. ҶҲАТ шабакаи бузурге иборат аз 69 бахш дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар буда, беш аз 10 000 нафар ихтиёриёнро муттаҳид намудааст.

20160219_090858

20160219_090849

 

1 (5)

Апрель 22, 2017 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд