Ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Франсия дар бахши тандурустӣ вусъат меёбад
ДУШАНБЕ, 22.04. 2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Франсия дар бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба АМИТ«Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот Насим Олимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонум Ясмин Гуедар, Сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа омаданд, ки дар самти ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, такмили ихтисоси табибони тоҷик дар Франся, доир намудани курсҳои бозомӯзӣ дар дохили Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо табибони маҳаллӣ табодули таҷриба дар самти бемориҳои дилу рагҳо ва ба тариқи ройгон роҳандозӣ кардани ҷарроҳиҳои мураккаб ҳамкориҳоро вусъат диҳанд.
Ясмин Гуедар, Сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки мутахассисони фаронсавӣ ва корпуси дипломатии кишвари Франся дар Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкориҳои бештар дар самти тандурустӣ мебошанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






