«Ҷавонони ду соҳил зидди маводи мухаддир!»- сабқати варзишӣ миёни ҷавонони тоҷику афғон
ХОРУҒ, 18.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори варзишии маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ мусобиқаи дӯстона аз намуди волейбол байни дастаҳои мунтахаби вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ баргузор шуд.
Волии вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирзоқулӣ Паймон гуфт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари мо чӣ дар равобити дуҷониба ва чӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамеша пуштибонӣ мекунад. Ягона роҳи байналмилалӣ, ки шаҳрвандони Афғонистон аз он бидуни тарсу ҳарос ва бо дили пур гузар мекунанд, ин роҳ аз тариқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ман ба сифати масъули ҳукумати Шуғнони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба як гурӯҳи ҷавонони тоҷик, ки довталабона дар ҳудуди ноҳияи мо ҳашт майдончаи варзишӣ бунёд намуданд ва наврасону ҷавонони моро бо либос ва дигар асбобу анҷоми варзишӣ таъмин намуданд, изҳори сипос менамоям».
Мудири бахши варзиши Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Азиз Ҳайдармамадов гуфт, ки «ин толор ҳамагӣ се моҳ қабл аз ин мутобиқи қарордоди сеҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Бунёди Оғохон дар канори бозори муштарак бунёд шуд. Бори аввал аст, ки варзишгарони ду кишвар бо ҳам аз намуди волейбол рақобат мекунанд. Ҳадаф аз бунёди толор роҳандозии тарзи ҳаёти солим, тиҷорати солим ва аз байн бурдани хариду фурӯши маводи мухаддир мебошад. Кӯшиш мекунем, ки минбаъд ҷавонони ҳарду соҳил танҳо бо нияти нек, бо мақсади анҷом додани корҳои хайру созанда, такмили истеъдоду маҳорати варзишию фарҳангии худ дарёи Панҷро убур намоянд».
Ба иттилои мудири бахши варзиши Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Азиз Ҳайдармамадов, онҳо тасмим гирифтаанд, ки моҳи май байни кӯдакону наврасони ҳарду соҳил аз намуди футболи хурд мусобиқа баргузор намоянд.
Мусобиқа бо пирӯзии дастаи мунтахаби вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон ба поён расид.
Ба меҳмонон Ҷоми сабқат ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






