Ҷавонони ноҳияи Темурмалик ихтиёрӣ ба хизмати Ватан мераванд

Апрель 15, 2017 13:29

ТЕМУРМАЛИК, 15.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Темурмалик низ дар рӯзи аввали даъват ихтиёриён ҳозир гардиданд.
Тавре Лутфулло Қурбонов аз комиссариати ҳарбии ноҳияи Темурмалик хабар дод, дар рӯзи аввали даъвати баҳорӣ ба комисариати ҳарбии ноҳия 30 нафар ихтиёриён ҳозир гардида, аз комиссияи тиббӣ гузаронида шуданд.
Дар маросими гусели наваскарон роҳбарияти ноҳия, собиқадорони ҷангу меҳнат ва аҳли ҷамоат наваскаронро барои ба халқу Ватан содиқона хизмат намудан даъват карданд.
Зикр гардид, ки бояд ҳар як ҷавон аз ин мактаби мардонагӣ бо сарбаландӣ гузашта, дар ҳифзи марзу буми Ватан ҳиссагузор бошад.

Апрель 15, 2017 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид