Аз 15 то 26 май Рӯзҳои миллии эмгузаронии иловагӣ доир мешаванд
ДУШАНБЕ, 28.04. 2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази «VEFA»-и шаҳри Душанбе оид ба рӯзҳои миллии эмгузаронии иловагӣ бар зидди бемориҳои сухча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Солимии кӯдакон вазифаи аввалиндараҷаи калонсолон аст» ҳамоиш баргузор гардид.
Мирҳамудин Камолзода, муовини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки тайи 10 соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эмгузаронӣ пешравиҳои зиёд ба мушоҳида мерасанд.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол қабл ҳамчун кишвари озод аз бемории сурхча арзёбӣ гардида буд ва ҳодисаҳои гирифтории бемории сурхча ба қайд гирифта намешуданд. Вале аз соли 2016 то имрӯз бақайдгирии ин беморӣ дар Тоҷикистон ба мушоҳида расиданд. Вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, инчунин дастгирии шарикони рушд, хусусан хазинаи кӯдакони СММ ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аз 15 то 26 майи соли равон рӯзҳои иловагии эмгузаронӣ бар зидди бемории сурхча ва гулафшон доир мекунанд»,- иброз дошт Мирҳамудин Камолзода .
Ҳамчунин Боир Шомуддинов, мутахассиси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» илова намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар давлатҳо қарор додааст, ки бемориҳои сурхча ва гулафшонро дар қаламрави худ комилан барҳам диҳад. Бинобар ин, ҳар як кӯдаки аз 1 то 9-сола бояд дар давоми Рӯзҳои миллии эмгузаронии иловагӣ ҳатман ба эмкунӣ фаро гирифта шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






