Азим Иброҳим, муовини Сарвазири Тоҷикистон: «Сафеддара» — намунае аз мавзеъҳои нотакрори Тоҷикистон аст»
ДУШАНБЕ, 28.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони идораю муассисаҳои гуногуни кишвар ҷиҳати дар сатҳи тахассусӣ омода намудани мавзеъҳои нодири мамлакат барои бунёди биноҳои бисёрошёна, иншооти хизматрасон ва ташкили инфрасохтори ҷавобгўй ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Муовини Сарвазир иброз дошт, ки мавзеъҳои нодири кишварамон барои сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ ҳуҷҷати муаррификунандаи кишвар дар хориҷаи дуру наздик ба шумор мераванд. Вобаста ба ин корҳои топографию тадқиқотӣ, муҳандисию геологӣ ва лоиҳакашӣ бояд аз нигоҳи тахассусӣ тавре анҷом дода шаванд, ки кафолати устувории иншоотҳои бунёдшаванда барои садсолаҳо таъмин карда шавад.
Аслан ҳодисаҳои табиӣ бо душворӣ пешгўӣ мешаванд ва пешгирии онҳо баъзан ҳатто имконнопазир аст, аммо бомаҳорат гузаронидани корҳои муҳандисию геологӣ, дақиқ сохтани таркиби ҷинсҳои куҳӣ, дуруст баҳогузорӣ кардани тавозуни обҳои зеризаминӣ ва дигар ташхисҳои соҳавӣ метавонанд умри биноҳои бунёдшавандаро дароз гардонанд.

Мавзеи Сафеддара аз нодиртарин мавзеъҳои кишварамон мебошад, ки дар иншоотҳои он ташкили дурусти инфрасохтор, хизматрасонӣ ва шароити муносиби ҷавобгўй ба меъёрҳои байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст. Феълан ин мавзеи нодири табиӣ мавриди таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони дохилу хориҷи кишвар гардидааст ва ояндаи нек низ дорад.
Муовини Сарвазир тасдиқ намуд, ки шароити муҳандисӣ -геологии мавзеъ нисбатан мураккаб аст. Обҳои зеризаминии ин мавзеъ дар жарфи на он қадар калон ҷойгир мебошанд, ҳамчунин ярчи қадима имкони вуҷуд дорад ва ин омил гузаронидани маҷмўи корҳои иловагии муҳандисию геологиро талаб мекунад. Бинобар ин, чунин мавзеъҳои нодири кишвар бояд ҳаматарафа ва дақиқ аз ҷониби сохтору мутахассисони ҳирфаии кишвар омўхта шаванд ва барои тӯлонӣ гардонидани муддати истифодабарии онҳо пешниҳодҳои дақиқ таҳия гарданд.
Вобаста ба таъмини сифати корҳои лоиҳакашию муҳандисӣ ва назорати ҷараёни сохтмону бунёди иншоот дар мавзеъҳои нодири кишвар аз ҷониби муовини Сарвазир ба сохторҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуд .








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






