Ба сокинони ноҳияи Варзоб расмикунонии будубоши муҳоҷирон, касбомӯзӣ ва имтиёзҳои шахсони бекор фаҳмонида шуд

Апрель 21, 2017 11:53

ДУШАНБЕ, 21.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати шаҳраки Такоби ноҳияи Варзоб бо иштироки сокинони ҷамоат оид ба расмикунонии будубоши мухоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва рушди соҳибкорӣ, касбомӯзӣ ва имтиёзҳои шахсони бекор ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», беҳдошти ҳолати санитарӣ ва ҳифзи табиат аз ифлосшавӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, инчунин пешгирии гароиши аҳолӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро ва терроризм сухан рафт.
Ҳамчунин ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ноҳия расонида шуд, ки тибқи қарори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар муҳлати як моҳ- аз 25 март то 24 апрели соли равон дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расмикунонии истиқомат тавассути бақайдгузорӣ дар мақомоти муҳоҷират ва тамдиди муҳлати будубош имконият дода мешавад.
Аз муҳоҷирони меҳнатӣ- сокинони ноҳия хоҳиш карда шуд, ки барои гирифтани маълумоти дақиқ пеш аз сафар барои кор ба Федератсияи Россия ба Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб муроҷиат намоянд.

Апрель 21, 2017 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд