Баргузории даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» дар роҳ
ХУҶАНД. 21.04.2017. /АМИТ «Ховар»/ Дар панҷ шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд-Спитамен, Истаравшан, Конибодом, Мастчоҳ ва Хуҷанд бо ҳамдастии якҷояи Раёсати маориф ва РВКД ҶТ дар вилояти Суғд даври минтақавии озмуни ҳафтуми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» дар роҳ гузаронида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти БДА-и вилояти Суғд ииттилоъ доданд, аз ҷумла дар ноҳияи Спитамен озмун байни дастаҳои нозирони навраси ноҳияҳои Зафаробод, Ҷаббор Расулов ва Спитамен сурат гирифта, ҷараёни он аз ҷониби аъзои ҳакамон, намояндагони масъули Шуъбаи БДА РВКД-и вилоят, раёсатҳои маориф ва тандурустӣ, Иттифоқи автомобилчиён назорат карда шуд ва тартиби баргузории ҳар як намуди озмун баҳогузорӣ гардид.
Иштирокчиён аз рӯи шартҳои ҳаракат бо қадами низомӣ, сурудхонӣ дар саф, иҷрои фармонҳо, гардиш дар ҷой ва усулҳои сафороӣ дар вақти ҳаракат, рондани дучарха аз байни монеаҳо, расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба нафари ба садамаи нақлиётӣ дучоргардида ва бастани ҷои захм, иҷрои ишораҳои танзимгар ҷиҳати ба танзим даровардани ҳаракат дар роҳҳо байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар ҷамъбаст дастаи «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо нишон додани маҳорат ва малакаи баланд ва бо гирифтани 75 хол сазовори ҷои аввал ва дастаҳои ноҳияи Спитамен бо 67 ва Зафаробод бо 60 хол сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардида, бо ифтихорномаи Шуъбаи БДА ва Раёсати маорифи вилоят сарфароз гардиданд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






