Баргузории марҳилаи шаҳрии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар Хуҷанд

Апрель 5, 2017 16:14

ХУҶАНД. 05.04.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва пешгирии омилҳои номатлуб байни наврасону ҷавонон дирӯз дар маркази Суғд-шаҳри Хуҷанд дар доираи баргузории Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ марҳилаи шаҳрии ин мусобиқот оғоз гардид. Тавре аз бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят иттилоъ доданд, дар расми ифтитоҳи мусобиқоти мазкур намояндагони мақомоти маҳаллии шаҳр ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, варзишгарону мураббиёни мактабҳои варзишии шаҳр Хуҷанд аз рӯи намудҳои гӯштингирӣ, ҷавгонбозӣ, вазнбардорӣ, варзиши сабук ва муштзанӣ иштирок намуданд,

Дар доираи фестивали варзишӣ аз рӯи гӯштини миллӣ мусобиқаи гӯштингирӣ бо иштироки беш аз 80 нафар наврасону ҷавонон аз мактабҳои варзишии маркази вилоят баргузор шуд, ки дар интиҳо  дар ҳамаи вазнҳо ғолибон муайяну қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин дар доираи даври шаҳрии фестивал баргузории мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои дигари варзиши миллӣ дар назар аст.

 

 

Апрель 5, 2017 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад