Барои аз тармаву сел ва кӯҳпораҳо пок кардани роҳҳои автомобилии ВМКБ қариб якуним миллион сомонӣ сарф шудааст
ХОРУҒ, 28.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бар асари боришоти чанд рӯзи охир роҳҳои мошингарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хароб шуданд ва барои мусофирону ронандагон ҳар сари чанд вақт монеа эҷод мекунанд. Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед зимни як ҷаласаи фаврӣ ба масъулини корхонаи «Бадахшонроҳсоз» ва хадамот дар танзими роҳ супориш дод, ки техникаву механизмҳои худро ҳамеша дар ҳолати хуб нигоҳ доранд ва агар имкон бошад, пешакӣ ба мавзеъҳои хатарнок интиқол диҳанд. Кӯшиш намоянд, ки роҳбандӣ ба дарозо кашида нашавад, зеро дар миёни мусофирон кӯдакону занон, пирону маризон ҳастанд ва онҳо набояд ба сабаби кашолкории мо азоб кашанд.
Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед аз масъулини Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳо даъват кард, ки миқдори муайяни моддаҳои таркандаро ба мақсади таркондани кӯпораҳо захира намоянд. «Бино ба иттилои мутахассисони обуҳавосанҷӣ, эҳтимоли боридани борон то охири моҳи апрел вуҷуд дорад. Аз эҳтимол дур нест, ки боз бо ҳодисаҳои сангчарху афтодани кӯпораҳо рӯ ба рӯ шавем. Аз ин рӯ бо истифода аз ин рӯзҳои офтобӣ техникаву механизмҳои роҳсозиро бори дигар санҷида, таъмир намудан зарур аст»,-гуфт раиси вилоят.
Ба иттилои манбаъ, барои аз тармаву сел ва кӯҳпораҳо пок кардани роҳҳои автомобилии ВМКБ наздик ба якуним миллион сомонӣ маблағи иловагӣ масраф шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






