Баррасии масъалаи «Иқтисоди сабз ва рушди устувор» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 28.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи қабули қатъномаи СММ оид ба ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028, имрӯз дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки Сулҳия Содиқова, сардори Маркази захиравии Орхуси шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Иқтисоди сабз ва рушди устувор» семинар баргузор гардид. С. Содиқова ба донишҷӯён оид ба моҳияти Конвенсияи Орхус ва нақши он дар татбиқи рушди устувор ва иқтисоди сабз маълумот дода, алоқамандии рушди устуворро бо иқтисоди сабз шарҳ дод.
«Баррасии масъалаҳои экологӣ аз ҳар рӯзноманигор масъулияти ҷиддиро тақозо мекунад», — таъкид намуд сардори Маркази захиравии Орхуси шаҳри Душанбе имрӯз дар семинар. Ба андешаи номбурда, дар замони муосир, ки масъалаи экология хусусияти глобалӣ касб кардааст, зарур аст то рӯзноманигорон инъикоси ин масъаларо дар ВАО бештар намуда, барои беҳтар намудани маърифати экологии шаҳрвандон, аз ҷумла, пешгирии сарфаи беҳудаи об дар кори рӯзгор, огоҳонидани аҳолӣ аз оқибатҳои манфии беэътиноӣ нисбат ба муҳити зист, тарғиби истифодаи нақлиёти «тоза» ва ғайраҳо кӯшиши бештар намоянд.
Ёдовар мешавем, ки семинари «Иқтисоди сабз ва рушди устувор» дар асоси нақшаи чорабиниҳои факултети журналистика баргузор гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






