Баррасии зарурати дастгирии молиявии аҳолӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ

Апрель 26, 2017 15:03

ДУШАНБЕ, 26.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Зарурати дастгирии молиявии аҳолӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дирӯз зимни мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо муовини Директори Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI) Норберт Мумбаро, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти БМТ, Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳори умедворӣ кард, ки натиҷаҳои ҷаласаи 15-уми гурӯҳи корӣ оид ба дастрасии молиявӣ ва ҷаласаи даҳуми гурӯҳи корӣ оид ба андӯхтани таҷриба дар самти стратегияи дастрасии молиявии Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI) барои густариш ва тақвияти минбаъдаи ҳамкории судманд дар доираи ташкилоти мазкур тақвият бахшида шуда, барои ҳамкории минбаъда заминаи мусоид фароҳам меоранд.
БМТ дастгирии ахоли _6511Норберт Мумба оид ба дастрасии молиявӣ (AFI) дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбар намудани фаъолияти донорҳо дар самти коркарди «Стратегияи дастрасии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2017-2030», афзалият додан ба занҳои соҳибкор, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ки барои рушду нумӯи кишвар нақши босазо дорад, ибрози назар намуда, омодагии Иттиҳод оид ба дастрасии молияви (AFI)-ро дар самти низоми молиявӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба низоми бонкию молиявӣ, татбиқи барномаҳои якҷоя ва дар маҷмӯъ рушди иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори андеша кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо чанд масъала, аз ҷумла вазъи кунунии низоми бонкӣ, дастгирии техникӣ, сафарбар намудани мутахассисон барои такмили ихтисос дар хориҷ аз кишвар, табодули таҷриба, ҳамкории судманд дар самти низоми молиявии кишвар, истифодаи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба низоми бонкию молиявӣ, «Стратегияи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявӣ барои солҳои 2017-2019»-ро муҳокима карданд.

Апрель 26, 2017 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст