Бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Ашт
ДУШАНБЕ, 21.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ашт барқароркунии оқибатҳои офати табиии рӯзҳои охир бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт идома дорад.
Аз ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия хабар доданд, ки дар ҷамоати деҳоти Понғоз 350 метр, ҷамоати шаҳраки Шайдон 38 метр ва дар ҷамоати Ифтихор 700 метр селроҳаҳо безарар гардонида шуданд. Ҳамзамон дар ҷамоати Понғоз зиёда аз 1500 метр селроҳа аз қуму шағал тоза карда шуда, 9 кӯпруки маҳаллӣ бо қувваи сокинони ҷамоат барқарор гардид. Дар ҷамоати шаҳраки Шайдон 100 метр ва дар ҷамоати деҳоти Пунук низ зиёда аз 500 метр селроҳа аз қуму шағал тоза карда шуд.
Хотиррасон менамоем, ки бар асари боришоти рӯзҳои охир сатҳи оби сойҳои ҳудуди ноҳияи Ашт баланд гардида, қисман роҳ ва кӯпрукҳои маҳаллии ҷамоати деҳоти Пунук ва Понғозро вайрон намуда буд.
Мустаҳкам намудани селроҳаҳо дар ҷамоати деҳоти Понғоз, Ашт, Пунук, Ифтихор ва Шайдон идома дорад.










Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






