Беҳтарин неъмат ваҳдату ягонагист!
ҚӮРҒОНТЕППА, 28.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 27 апрел дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон-ватани маҳбуби ҳамаи мо» баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд.
Дар кори конфронс муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода иброз дошт, ки ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ дастоварди муҳим баҳри пешрафти ҷомеа мебошад . «Беҳтарин неъмат- ин сулҳу оромӣ ва ягонагӣ ба ҳисоб рафта, имрӯз мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ваҳдати миллӣ- рамзи дӯстӣ ва ватандорӣ ба ҳисоб рафта, ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон мусоидат мекунад»,-баён дошт М.Хидирзода.
Дар доираи ҷамъомад шаби назму насри адибони вилоят баргузор гардид.
Имрӯз, 28 апрел аввалин Фестивали вилоятии санъат ва фарҳанги ақаллиятҳои миллӣ баргузор мегардад.
Барномаҳои мазкур дар доираи таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ барпо мешаванд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






