Боздиди беш аз 800 сайёҳи хориҷӣ аз соҳили «Баҳри тоҷик»

Апрель 15, 2017 13:34

ХУҶАНД, 15.04.2017. /АМИТ «Ховар»/.   Яке аз соҳаҳое, ки дар шаҳри барқчиёни  вилояти Суғд — Гулистон, воқеъ дар соҳили «Баҳри тоҷик» тӯли солҳои охир рушд кардааст, ин  туризм мебошад. Танҳо даромади маблағ аз ташрифи сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ дар семоҳаи аввали соли равон  6 миллиону 189 ҳазор сомониро ташкил дод.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар шаҳр ва истироҳатгоҳҳои он дар лаби «Баҳри тоҷик» тамоми имкониятҳо барои истироҳату табобати меҳмонону сайёҳон фароҳам оварда шудаанд. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки теъдоди меҳмонони барои истироҳату табобат ба ин шаҳри сайёҳии тоҷик  меомада рӯз то рӯз меафзояд.
Танҳо дар давоми се моҳи аввали соли равон ба минтақаҳои истироҳатию фароғатии Гулистоншаҳр  расман 6782 нафар (2016 — 6520), аз  ҷумла 832 нафар хориҷиён омаданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 575 нафар зиёд мебошад.
Айни ҳол дар шаҳр 4 меҳмонхона  фаъолият дошта, ҳамчунин дар осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Шифо», «Соҳил» ва урдугоҳи «Шоҳин» ва маркази хизматрасонии «Усмонҷон» дар як вақт имкони қабули 1100 нафар истироҳаткунандаву табобатгиранда мавҷуд аст.

Зикр бояд кард, ки соли 2016 дар истироҳатгоҳҳои шаҳри Гулистон, ки яке аз минтақаҳои истироҳативу фароғатии кишвар барои сайёҳони дохиливу хориҷист, 22 ҳазору 692 нафар истироҳат намудаанд, ки 3245 нафари он  сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

 

Апрель 15, 2017 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд