Боздошти сокини шаҳри Душанбе бо гумони дуздии тилловорӣ дар ҳаҷми $25 ҳазор

Апрель 26, 2017 09:31

ДУШАНБЕ, 26.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки қаблан суд шудааст, бо гумони такроран содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, марди гумонбаршуда, ки ҷазои қаблиаш ба ӯ сабақ нагардидааст, 13 ноябри соли 2016, тахминан соати 14:50 бо роҳи пинҳонӣ аз манзили истиқоматии зани 23-солаи сокини шаҳри Душанбе ба маблағи 15 ҳазор доллари амрикоӣ ҷавоҳироти тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳамчунин гумонбаршуда бо ҳамин роҳ аз хонаи истиқоматии зани 60-солаи сокини шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 10 ҳазор доллари амрикоӣ тилловориро ба яғмо бурдааст.
Ба иттилои манбаъ, нисбат ба дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Апрель 26, 2017 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст