«Чеҳраҳои мондагор»: маълумоти пурарзиш оид ба осор ва пайкори 25 чеҳраи баргузидаи илм, адаб ва сиёсати тоҷик
ДУШАНБЕ, 20.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокатии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар шаҳри Бӯстон ҷиҳати омӯзиши асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат-ҳастии миллат» ва «Чеҳраҳои мондагор» ҷамъомад баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, дар ҷамъомад мутахассисони соҳаҳои илму фарҳанг ва гурӯҳҳои тарғиботии назди КИ ҲХДТ иштирок карданд.
Зикр шуд, ки китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» доир ба сарнавишти таърихии забони тоҷикӣ, шебу фарозҳои он дар масири зуҳуру густариш ва зарфиятҳои фароху фарогири забони тоҷикӣ маълумот медиҳад.
Китоби «Чеҳраҳои мондагор» зиндагинома, осор ва пайкори 25 чеҳраи баргузидаи илмӣ, адабӣ ва таърихиву сиёсии миллати тоҷикро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, маҳсули андешарониҳои амиқи муаллиф доир ба таъриху фарҳанги бисёрасраи халқи тоҷик мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






