Дар доираи фестивали «Парасту-2017» спектакли «Хонума» намоиш дода мешавад
ДУШАНБЕ, 21.04.2017 /АМИ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ спектакли «Гирдоби зиндагӣ» ба намоиш гузошта шуд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Спектакли «Гирдоби зиндагӣ» дар таҳияи С. Мадалиев рӯи саҳна омада, онро ҳунарпешагони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб иҷро намуданд.
Ҳамчунин соати 14:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе спектакли Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон «Духтари ҷасур» пешкаши тамошобинон гардонида шуд. Муаллифи «Духтари ҷасур» Ш. Қиёмов буда, таҳиягар Н. Аҳмедова мебошад.
Шоми имрӯз соати 18:00 дар саҳни Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ спектакли «Хонума»-и Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский ба намоиш гузошта шуда, бо ҳамин рӯзи чоруми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ ҷамъбаст мегардад. Спектакли мазкур асари А. Сагарелиаст буда, коргардони он Хуршед Мустафоев мебошад.








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






