Дар Душанбе имкониятҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон муаррифӣ шуданд

Апрель 19, 2017 16:09

ДУШАНБЕ, 19.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон хостори ба роҳ мондан ва тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар бахши иқтисоду тиҷоратанд. Дар ин росто имрӯз дар Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон доир шуд, ки дар он имконият ва иқтидори иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор муаррифӣ гардид.
«Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон густариши равобити иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак, пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ, афзун гардонидани ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар мебошад»,-гуфт дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши доираҳои тиҷоратии ду кишвари ҳамсоя Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳамзамон дар назди доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назира Дадахонова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар намояндагони доираҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар доир ба зарфият ва иқтидори иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон сухан карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Ӯзбекистонро аз қадимулайём анъанаҳои неки дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо ҳам мепайванданд ва робитаҳои гуногунсоҳаи ду кишвар дар асоси эътимод ва эҳтироми мутақобила беш аз пеш густариш меёбад. Баргузории ҳамоиши доираҳои тиҷоратии ду кишвар дар Душанбе худ шаҳодатест аз тавсеаи равобити ҳасанаи ду кишвар дар бахши иқтисоду тиҷорат. Мубодилаи мол дар соли 2016 байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар қиёс ба соли 2015 5, 7 баробар афзуда, 69,2 миллион долларро ташкил дод, ки ин омор дар зарфи солҳои охир нишондоди баланд арзёбӣ мегардад. Дар соли сипаригардида ҳаҷми умумии гардиши мол байни ду кишвари ҳамсоя шаш баробар афзуда, наздик ба 70 миллион доллар буд, ки аз он наздики 36 миллион доллар ба содироти мол аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва 34 миллион доллар воридоти маҳсулоти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон аст.
Зикр шуд, ки имрӯз Тоҷикистону Ӯзбекистон дорои имконияту шароити мусоид бо назардошти мавқеъияти ҷуғрофианд, зеро яке аз омилҳои асосии рушди иқтисоду тиҷорат ба ҳаммарз будани ду кишвар иртибот дошта, он ба табодули мол, инчунин коҳиш додани нархи молу маҳсулот дар бозорҳо мусоидат менамояд. Таъкид шуд, ки байни ду давлат имкониятҳои бузурги истифоданашуда хеле зиёданд ва имрӯз вақти он расидааст, ки аз он ба таври васеъ ва самаранок истифода шавад. Ин раванд ба баланд гардидани ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, дар заминаи он фароҳам оврадани ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии мардумони на танҳо ду кишвар, балки кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ мусоидат хохад кард. Дар ин росто зикр шуд, ки ҳамгироии минтақавӣ бо назардошти тақвияти равобити иқтисодию тиҷоратӣ имкониятҳои наву фарохро дар самти тавсеаи ҳамкории наздисарҳадӣ, хусусан таъсиси бозорҳои наздимарзӣ, афзоиши ҳаҷми интиқоли молу маҳсулот ва таҳкими дӯстиву ҳусни ҳамҷаворӣ байни мардумони ҳар ду кишвар фароҳам меорад.
Дар ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон, роҳбарони корхонаю ширкатҳои истеҳсолии «Узавтосаноат», «Тоҷинвест», «Узкимёсаноат», «Ноқили ТАЛКО», «Фароз», «Амирӣ», «Ваҳдат», «Узбекенгилсаноат», «Узфармсаноат», «Узбекчарпайафзалӣ» ва дигар соҳибкорони тоҷику ӯзбек иқтидори истеҳсолию содиротии корхонаю ширкатҳо ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инчунин вазъ ва низоми сармоягузориро дар ҳар ду кишвар муаррифӣ намуда, омодагии худро бобати ба роҳ мондан ва тавсеаи ҳамкорӣ ҷиҳати рушди иқтисоду тиҷорат байни ҳар ду кишвар баён доштанд. Таъкид шуд, ки Ӯзбекистон алҳол дар радифи панҷ кишвари дар ҳоли рушдбудаи ҷаҳон қарор дошта, беш аз 9,7 ҳазор корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ фаъолияти самарабахш доранд. Хусусан дар ин кишвар саноати мошинсозӣ, технология, истеҳсоли дастгоҳҳои барқӣ, саноати сабук, бахусус нассоҷӣ, кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонӣ, фармасевтӣ рушд кардаанд.
Бояд тазаккур дод, ки баргузории ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва намоишгоҳи молҳои беш аз 160 ширкати истеҳсолии ин кишвар дар Маҷмааи савдои «Пойтахт-90» қадами муассирест дар тақвияти равобити дуҷонибаи судманд ва марҳилаи навест дар самти тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон. Дар доираи ҳамоиши иқтисодӣ мулоқоти мустақим ва дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардида, дар он масоли марбут ба роҳ мондан ва дурнамои тавсеаи робитаҳои иқтисодии ду кишвар баррасӣ шуданд. Инчунин байни бархе аз ширкату корхонаҳои истеҳсолии ҳар ду кишвар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Апрель 19, 2017 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд‎
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Намояндагии UNICEF малакаҳои амалии молиявӣ баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид
Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ намуд