Дар Душанбе соддагардонии расмиёти савдо баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ҷаласа хабар медиҳад, дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ (аъзои Кумита), ташкилоти тиҷоратӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон (аъзои Кумита) ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими кишвар иштирок намуда, аз ҷониби намояндагони корхонаву ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дар робита ба мушкилоти мавҷуда дар пешбурди фаъолияти марбут ба расмиёти содиротию воридотӣ ва транзити молҳо як зумра таклифҳо баррасӣ ва барои тасдиқ пешниҳод гардиданд.
Лоиҳаҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини мутобиқати қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқаррароти Созишнома дар бораи соддагардонии расмиёти савдо ва нақшаи чорабиниҳо баҳри таъмини мутобиқати қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муқаррароти Конвенсияи байналмилалӣ оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ (Конвенсияи таҷдидгардидаи Киото) барои тасдиқ пешниҳод гардида, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба кам кардани вақт ва хароҷоти субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ барои содирот, воридот ва транзити молҳо» баррасӣ гардид.
Нақшаи кори Кумита барои солҳои 2017-2018 муҳокима ва қабул гардид. Дар ҷаласа рӯйхати намояндагони корхонаву ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон барои узвият ба Кумита тасдиқ гардида, барои пешбурди масъалаҳои Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзити молҳо бо мақсади беҳсозии фазои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Хадамоти гумрук гурӯҳи кории техникӣ таъсис дода шуд.
Бояд зикр намуд, ки мутобиқи талаботи Созишномаи Созмони Уумумиҷаҳонии Савдо оид ба соддагардонии расмиёти савдо ва бо мақсади таъмини ҳамкории байниидоравии вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳо ва ташкилот, таъмини ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар масъалаи соддагардонии расмиёти савдо ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ дар кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2016 «Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо» таъсис дода шуд. Амалӣ намудани муқаррароти Созишномаи мазкур имкон медиҳад, ки дар кишвар ҳангоми амалиёти содиротию воридотӣ ва транзити молҳо тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Инчунин татбиқи Созишномаи мазкур дар маҷмӯъ ба тезонидани ҷараёни татбиқи низоми иттилоотии «Равзанаи ягона», огоҳонидани субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (ФИХ), кам кардани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми амалиёти содиротию воридотӣ нисбат ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардидаи самти мазкур ва татбиқи усули идоракунии таваккал дар сарҳад ҳангоми содироту воридот тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.








Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид
Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ намуд
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд
Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ мулоқот намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД. Барои ҷомеаи муосири мо ин се даҳсола асри таҳаввулоти ҷиддии фикрӣ, технологӣ ва менеҷмент ба шумор меравад
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон иқтидори энергетикӣ ба 70 МВт расонида шуд






