Дар Файзобод хотираи неки муаллифи сурудҳои «Гулбарги рӯи ман» ва «Шаршараи мӯи ту»-ро ёд карданд

Апрель 20, 2017 10:58

ФАЙЗОБОД, 20.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар қасри  фарҳанги  ноҳияи Файзобод  ба хотираи неки Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев маҳфили ёдбуд доир гардид. Дар он ҳунармандон, ёру дӯстон ва мухлисони шодравон аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи фарҳанги ноҳияи Файзобод иттилоъ доданд.
Дар маҳфили мазкур Дӯстмуродхонҳои ноҳияи Файзобод ва ҷумҳурӣ зиёда аз 20 суруди ин ҳунарманди зиндаёдро сароиданд.

Ҳамчунин шогирдони Мактаби мусиқии ноҳия ба номи Дӯстмурод Алиев бо ҳунарнамоии хеш хотири меҳмононро болида гардониданд.

Ёдовар мешавем, ки шодравон Дӯстмурод Алиев муаллифи як силсила сурудҳои марғубу дилнишин, аз ҷумла «Гулбарги рӯи ман», «Шаршараи мӯи ту», «Оғози ишқ», «Чаро шабҳо нишинам», «Чашми тоҷик», «Моҳи Файзобод» ва чандин сурудҳои дигар буд, ки то кунун аз ёди ҳаводорони таронаҳояш нарафтаанд.

Апрель 20, 2017 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа