Дар Хатлон ҷаласаи навбатии Шӯрои занон доир гардид
ҚӮРҒОНТЕППА, 05.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон- шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои занони вилоят баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз рӯи масъалаи рӯзномаи ҷаласа намояндагони бахши ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва раёсатҳои маориф ва тандурустии вилоят маълумот доданд.
Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода дар ҷаласа иброз дошт, ки «масъалаҳое ҳастанд, ки омӯзиши амиқро талаб мекунанд ва ҳалли онҳо бар рушди соҳаи маориф ва беҳтар гаштани корҳои тарбиявӣ муосидат мекунанд. Дар ин самти кор бояд фаъолияти падару модарон ва робитаи онҳо бо мактаб ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф ҷоннок карда шавад».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






