Дар Хуҷанд намоиши китобҳои кӯдакона дар доираи «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» доир шуд
ХУҶАНД, 05.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон таҳти унвони «Беҳтарин ёри вафодор» дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳии шаҳри Хуҷанд намоиши китобӣ ва маҳфили адабӣ бахшида ба 90-солагии шоир, нависанда ва драматург Аъзам Сидқӣ доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз раёсати фарҳанги вилоятӣ иттилоъ доданд, дар намоиши мазкур адибону олимон, дӯстдорони китобу толибилмони мактабҳои шаҳр ширкат намуда, дар бораи аҳамияти китобу китобхонӣ ва инчунин эҷодиёти адиби шинохта Аъзам Сидқӣ изҳори назар карданд. Аз ҷумла, зикр шуд, ки баргузории чунин намоишҳо баҳри баланд бардоштани қадру манзалати китоб дар ҷомеа, ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва шиносоӣ бо китобҳои тозанашри адибони муосир заминаи воқеӣ мегузорад.
Дар қисми адабии барнома аз ҷониби хонандагон, аъзои маҳфили китобдорон намоиши саҳнача, қироати шеърҳо дар васфи китобу китобдорӣ ва бузургии он, Ватан ва Модар пешкаш карда шуд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






