Дар Конибодом барои 660 нафар хонанда мактаби замонавӣ сохта мешавад

Апрель 21, 2017 11:20

ДУШАНБЕ, 21.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом сохтмони мактаби замонавӣ барои 660 хонанда дар як баст идома дорад.
Аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, ки бинои нави мактаб дар деҳаи Ҷаҳонзеби ҷамоати Лоҳутии шаҳр ҷойгир буда, он тибқи лоиҳа аз 3 ошёна иборат аст. Мактаби нав дорои 26 синфхона, утоқҳои фанниву ҳунаромӯзӣ, ошхона бо 84 ҷои нишаст, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо 220 ҷой ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Бинои асосии мактаби таҳсилоти умумии № 29 барои 580 хонанда солҳои 80-уми асри гузашта бунёд гардида, айни замон дар он беш аз 1100 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Бо назардошти зиёд гардидани сафи хонандагон ва ҳолатии садамавии бинои мактаб бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳаҷми 12 миллион сомонӣ беҳтарин мактаби замонавӣ қомат хоҳад афрохт.
Айни замон корҳои сохтмонӣ идома дошта, 60 нафар бинокорон ба кор ҷалб гардидаанд. Дар назар аст, ки сохтмони бинои нави мактаб то моҳи сентябри соли равон ба анҷом расонида шавад.

Апрель 21, 2017 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд