Дар мавзеи Роғаки ноҳияи Дарвоз, ки иқлими субтропикӣ дорад, лимӯпарварӣ босуръат рушд мекунад
ХОРУҒ, 28.04.2017. /АМИТ«Ховар»/. Деҳаи Роғаки ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз бо обу ҳаво ва иқлими худ нисбат ба дигар ноҳияҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон комилан фарқ дорад. Танҳо боғдорони ҳамин мавзеъ имкон доранд, ки ниҳолҳои субтропикие, чун лимӯ, анҷиру анори босифатро парвариш ва ба фурӯш гузоранд. Раиси ин ҷамоат Аловуддин Афғонов гуфт, ки «маҳсулоти кишоварзони деҳа на танҳо дар бозорҳои кишвар харидорони зиёд дорад, балки дар чанд соли охир хориҷ аз кишвар низ талабот ба маҳсулоти онҳо афзудааст. Онҳо аз ин ҳисоб ҳамасола даромади хуб ба даст меоранд. Аз ин рӯ таваҷҷуҳашон ба парвариши меваҳои субтропикӣ, махсусан лимӯпарварӣ бештар мешавад».
Ҳоло дар мавзеи Роғак 32 лимӯхона мавҷуд буда, хоҷагии махсуси лимӯпарварӣ низ таъсис ёфт.
Ҳамчунин иддае аз сокинони деҳа дар 14 гектар замин боғҳои анору анҷир бунёд намудаанд. Яке аз сабабҳои афзоиши теъдоди харидорон он аст, ки боғдорони ин мавзеъ ҳаргиз аз моддаҳои кимиёӣ истифода намебаранд. Рушди соҳаи чорводорӣ ба онҳо имконият додааст, ки бештар аз моддаҳои органикӣ истифода баранд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






