Дар мубориза бо сил муттаҳид мешавем!

Апрель 18, 2017 17:20

ДУШАНБЕ, 18.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил дар шахри Душанбе таҳти унвони «Дар мубориза бо сил муттаҳид мешавем!» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Одиназода ва ваколатдори муваққатии корҳои ИМА Лесли Ҳайден сухан карда, пешравиҳои назаррасро дар кори мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд.
Ҳамзамон масъулин эътироф намуданд, ки бемории сил ҳоло ҳам ҳамчун масъалаи доғи рўз боқӣ мондааст. Дар Тоҷикистон то ҳоло сатҳи баланди паҳншавии бемории сили ба доруҳо тобовар мушоҳида мешавад.
«Дар давоми моҳҳои март ва апрел бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи бемории сил Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд чорабинӣ роҳандозӣ намуд»,- иброз доштанд масъулини ин Вазорат.
Ҳадаф аз роҳандозии чунин тадбирҳо коҳиш додани беморӣ ва пешгирии вусъатёбии сили ба доруворӣ тобовар дар Тоҷикистон бо роҳи тақвияти стратегияи миллӣ, беҳтаргардонии дастрасӣ ба ташхис ва муолиҷа, дастгирии низоми марказонидашудаи нигоҳубини беморон, таҳкими зарфияти озмоишгоҳҳо ва низоми тандурустӣ дар вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва водии Рашт мебошад.
Ҳамчунин зимни ҳамоиш барои саҳми арзанда гузоштан дар мубориза бар зидди бемории сил ба 20 нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқати муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Апрель 18, 2017 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд