Дар ноҳияи Дӯстӣ фурӯши 1000 дона лампаи тафсон пешгирӣ гардид
ДУШАНБЕ, 28.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон як ҳолати риоя нагардидани талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъ намудани фурӯши лампаҳои барқии тафсон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро ошкор намуданд.
Тавре роҳбари марказ дар вилояти Хатлон Диловар Пирназарзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, зимни гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ дар ноҳияи Дӯстӣ аз анбори як мағозаи фурўши молҳои ниёзи мардум ба миқдори 1000 дона лампаҳои тафсон, ки бо мақсади ба фурӯш баровардан нигоҳ дошта мешуданд, дарёфт ва мусодира гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар айни ҳол нисбат ба ин соҳибкор парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардидааст.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






