Дар ноҳияи Рӯдакӣ чор нуқтаи махсуси эмгузаронии чорво ба истифода дода шуд
РӮДАКӢ, 18.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоатҳои деҳоти Эсанбой, Лоҳур, Чоргултеппа ва Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ чор нуқтаи махсуси эмгузаронии чорво аз ҳисоби маблағҳои озоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ сохта ба истифода дода шуд.
Дар ин бора сардори Шабакаи мубориза бар зидди бемориҳои ҳайвоноти ноҳияи Рӯдакӣ Соҳибназар Давлатов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
То имрӯз мутахассисон барои эмгузаронӣ хона ба хона мерафтанд, акнун нуқтаҳои эмгузаронӣ барои сокинону мутахассисон шароити хуби корӣ фароҳам овард.
Инчунин мутахассисони Шабакаи мубориза бар зидди бемориҳои ҳайвоноти ноҳия дар асоси нақшаи корӣ 70 ҳазору 715 сар ҳайвони калони шохдор, 108 ҳазору 889 сар бузу гӯсфанд ва 1912 сар аспро ба муқобили бемориҳои сироятии сӯхтанӣ, вабои сумдард, сияҳрон, гули гӯсфанду буз ва товуни ҳайвони шохдори майдаро эм мегузаронанд.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






