Дар ноҳияи Роштқалъа «Боғи ҷавонон» бунёд гардид

Апрель 26, 2017 15:05

ДУШАНБЕ, 26.04. 2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон дар мавзеи Дашти ноҳияи Роштқалъа «Боғи ҷавонон» бунёд гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, боғ дар майдони 1,5 гектар бунёд гардида, дар он беш аз 2 ҳазор бех дарахтони мевадиҳанда шинонда шуд.
«Боғи ҷавонон» бо ташаббуси Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа бунёд ёфта, дар маъракаи ниҳолшинонӣ зиёда аз 500 нафар ҷавонон иштирок намуданд.
Боғи мазкур дар мавзеи хушбоду ҳавои ҷамоати Мирсаид Миршакар ҷойгир буда, дар он ғайр аз дарахтони себ, зардолу, гелос, олу, нок, чормағз, ҳамчунин дарахтони сояафкану ороишӣ низ шинонида шудаанд. Масоҳати боғ дар оянда васеъ гардида, дар он ниҳолҳои дарахтони ба содирот нигаронидашуда парвариш меёбанд. Маблағи даромади боғ барои беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии мардуми ноҳия равона мегардад.

Апрель 26, 2017 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад