Дар ноҳияи Ёвон ба пешвози ҷашни Ваҳдати миллӣ корҳои омодагӣ вусъат мегиранд

Апрель 28, 2017 11:04

ЁВОН, 28.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Сокинони вилояти Хатлон имсол 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар ноҳияи Ёвон ҷашн мегиранд. Масъулини ноҳияи Ёвон баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни миллӣ   корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонию сабзазоркуниро вусъат бахшида истодаанд.  Сардори Раёсати  коммуналӣ, истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон Субҳон Ёров иброз намуд, ки  барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ ва қабул намудани меҳмонон аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ дар маркази ноҳия 200 бех ниҳоли ороишӣ ва дар гулгаштҳо 11 ҳазор бех гули садбаргу лола ва 25 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинондаанд. Инчунин маркази ноҳияро бо зиёда аз 700 шиору овезаҳо зиннат дода, 6500 метр ҷӯйборҳоро аз партоб тоза намуданд.

Муовини раиси ҷамоати шаҳраки Ёвон Нигина Ашурова гуфт, ки   «ҷашни Ваҳдати миллӣ нишонаи сулҳу оромӣ, некуаҳволии халқ, созандагиву ободкорӣ ва  бозгӯи бахти баланди ҳар миллат маҳсуб мешавад. Хушбахтона,  ин арзиши бебаҳои ҳаётро сокинони кишвари азизамон  чун гавҳараки чашм ҳифз мекунанд. Имрӯзҳо  ба хотири зиёд гардидани фаҳмиши ҷавонон доир ба ин рӯйдоди таърихӣ ва муқаддас донистани ин рӯзи муборак дар асоси нақшаи корӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, коллеҷҳо, литсейҳои касбии техникӣ, марказҳои фарҳангии ҷавонон ва чойхонаҳои ҷамъиятӣ  барномаҳои  гуногуни  оммавӣ, конфронсу  суҳбатҳо,  озмуну  маҳфилҳои  илмию  фарҳангӣ доир менамоем.  Чунки ваҳдат пойдевори ҳар як миллат ба ҳисоб рафта, рушду тараққиёт, беҳбудии зиндагии мардум  аз он ибтидо мегирад».

Апрель 28, 2017 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид