Дар тақвими расмии кишвар боз як ид зам гардид-20 март Рӯзи фарҳанг таҷлил мегардад
Душанбе, 24.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар тақвими расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як ид зам гардид. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид намуданд, ки тибқи он минбаъд 20 март ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи фарҳанг бидуни истироҳат таҷлил мегардад.
Насиба Содиқова, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳадафи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва дар асоси он минбаъд 20 март таҷлил намудани Рӯзи фарҳанг ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, ҳавасманд намудани фарҳангиёни кишвар ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани сатҳи фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон аст, зеро тоҷиконро дар паҳнои ҷаҳон ҳамчун мардуми тамаддунофару фарҳангӣ эътироф менамоянд. Инчунин ин рӯз ба мулоқоти анънавии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар иртибот дорад, ки ҳамасола дар арафаи ҷашни зебои баҳор -Наврӯзи байналмилалӣ 20 март доир мегардад. Инчунин дар ин сана дар кишварамон дари биною кохҳои бузурги фарҳангӣ, назири Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллӣ ба рӯи мардумамон боз гардиданд, ки бо бузургию сохти нотакрори меъморӣ дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ беназиранд ва он шаҳодатест аз сиёсати фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҳифз ва эҳёи арзишҳои миллӣ дар сарзамини тоҷикон.








Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»






