Дар вилояти Суғд ба сокинон моҳияти авфи муҳоҷирон фаҳмонида шуд
ДУШАНБЕ, 21.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаҳои Қорираҳмат Қурбонов, Тути калон, Масҷиди Савр, Шарқ ва Раззоқи шаҳри Хуҷанд суҳбату вохӯриҳои муштараки иттилоотӣ гузаронида шуд.
Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мақсади асосии вохӯриҳо ба шаҳрвандон фаҳмонидани моҳияти авфи муҳоҷират мебошад. Илова бар ин, дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати бехатар, пешгирии омилҳои номатлуб ва риояи меъёрҳои қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Инчунин дар оғози ҳафта бо мақсади фаҳмонидани моҳияти авфи муҳоҷират мулоқоти масъулони Хадамоти муҳоҷират дар ҷамоати шаҳраки Палос бо муҳоҷирони меҳнатӣ, фаъолони маҳалҳо ва намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ доир гардид. Бояд гуфт, ки моҳияти авфи муҳоҷират тавассути рӯзномаи «Паёми Бӯстон» низ нашр гардид.
Ҳамчунин шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара бо зиёда аз 80 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ-сокинони ҷамоати деҳоти Кӯлканд низ вохӯрӣ гузаронид. Дар он масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати бехатар, моҳияти авфи муҳоҷират ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва дигар омилҳои номатлуб баррасӣ шуданд








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






