Дастури раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оид ба таъсиси гурӯҳҳои махсус барои омӯзиши минтақаҳои хавфнок

Апрель 17, 2017 11:38

ДУШАНБЕ, 17.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар семоҳаи аввали соли 2017 оид ба камбудиҳои ҷиддӣ дар ташкили санҷишҳои назоратӣ ва баргузории чорабиниҳои мудофиаи шаҳрвандӣ дар қисмҳои ҳарбии Кумита сухан гуфт. Рустам Назарзода диққати роҳбарони воҳидҳои кумитаро ба омодагии саривақтӣ ва касбӣ баҳри пешгирӣ ва бартараф сохтани ҳодисаҳои табиӣ, ба монанди фаромадани тарма, ярч, сел, резиши санг, баланд шудани сатҳи об дар дарёҳо дар давраи баҳор-тобистон равона намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд, дар рӯзномаи ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои татбиқи қарорҳои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода, натиҷаҳои фаъолияти санҷишҳои нозиротии роҳбарони ситодҳои вилоятӣ ва минтақавӣ, таҳлили чораҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулода дар давраи ҳисоботӣ, инчунин баҳодиҳӣ ба корҳои хадамотҳои наҷотдиҳии кумита оид ба бартараф ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ гаштанд.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи боришоти зиёди барф дар кишвар 720 ҳодисаи фаромадани тарма, инчунин бо фарорасии фасли баҳор фаромадани ярч, сел, сангреза ба қайд гирифта шуда, бо мақсади пешгирӣ ва бартараф сохтани ҳодисаҳои табиии номабаршуда, аз тарафи кормандони кумита баҳри бехатар намудани аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, аз минтақаҳои хавфнок кўчонидани аҳолӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташкил намудани дидбонгоҳҳои назоратии муштарак дар минтақаҳои хавфнок ва ташкили ситодҳо, ки онҳо шабонарӯзӣ фаъолият доранд.
Роҳбари кумита таъсиси гурӯҳҳои махсус барои омӯзиши иловагии минтақаҳои хавфнок, баррасии масъалаҳои захираҳои вуҷуддошта ва иловагӣ, баргузории омўзишҳои мудофиаи шаҳрвандии ғайринавбатӣ ва ғайринақшавӣ дар байни аҳолӣ, баррасии низоми огоҳии пешакӣ ва омодагӣ ба мавсими оббозиро бори дигар таъкид намуд.

Апрель 17, 2017 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд