ҶДММ «Атласи Хуҷанд» дар семоҳаи аввал чанд метр матои атлас истеҳсол кард?
ДУШАНБЕ, 18.04.2017./АМИТ «Ховар»/. ҶДММ «Атласи Хуҷанд» бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро баъд аз бозистии тӯлонӣ дубора барқарор намуда, истеҳсоли атласу адрасро роҳандозӣ намуд.
Дар айни замон дар корхонаи мазкур 32 адад дастгоҳҳои матоъбофӣ насб гардида, истеҳсоли атласу адрас, ки имрӯз талабот ба ин ду навъи матои миллии мардуми тоҷик ҳам дар дохил ва ҳам дар бозори минтақа бештар мебошад, васеъ ба роҳ монда шудааст.
Имрӯзҳо дар корхонаи мазкур беш аз 40 нафар бонувон ва ҷавонон машғули кор буда, зиёда аз 60 намуди матои атлас ва 30 намуди матои адрас истеҳсол мешаванд, ки аз нигоҳи сифат ва тарҳ ҷавобгӯ ба талабот мебошанд.
Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, давоми моҳҳои январ марти соли 2017 аз ҷониби ҶДММ «Атласи Хуҷанд» 0,92 ҳазор метри мураббаъ матои атлас истеҳсол карда шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






