«Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 18.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Истеъдод» бо фармоиши Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ»-ро бо теъдоди 10000 нусха нашр намуд.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, китоби мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016 ба чоп тавсия шуда, зиёда аз 3000 намунаи номҳои миллии тоҷикиро дарбар мегирад. Инчунин тарзи навишти ном ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шудааст.
Ҳадаф аз таҳияи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ, инчунин номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






