Хабарнигори шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» дар кинофестивали «Нигоҳи баробар» ҷоизаи асосӣ ба даст овард

Апрель 19, 2017 17:18

ХОРУҒ, 19.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон кинофестивали «Нигоҳи баробар» бо ширкати бештар аз 300 нафар баргузор шуд. Ин кинофестивал бо иқдоми Иттиҳоди миллии ташкилотҳои волидони кӯдакони имконияташон маҳдуди Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Раиси ташкилоти ҷамъиятии «Савоб» Лайло Нафасшоева гуфт: «Ҳадафи аслии  кинофестивал ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳалли мушкилоти одамони имконияташон маҳдуд, нишон додани неру ва тавонмандии онҳо дар таҳсил ва кору рӯзгор мебошад».

Ба кинофестивал зиёда аз 8 филму лавҳаҳои телевизионӣ дар бораи ҳаёти одамони имконияташон маҳдуд пешниҳод карда шуд. Ҷоизаи асосӣ ба филми мустанади «Мусофиркаш», ки онро хабарнигори шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» Гулоси Мамадлоиқ таҳия намудааст, дода шуд. Ин филм дар бораи ҳаёти як ҷавон бо номи Ҳувайдо, ки дар кӯдакӣ ба иллати бемории фалаҷ ду пояш аз ҳаракат бозмондаанд, қисса мекунад. Дар хурдсолӣ бо аробача ба мактаб меравад ва онро хатм намуда, таҳсилро дар мактаби ронандагӣ идома медиҳад. Баъди ба даст овардани шаҳодатномаи ронандагӣ аз қарзи бонкӣ мошин мехарад ва ба мусофиркашонӣ машғул мешавад. Барои худ хона месозад ва соҳиби оила мегардад. Ҳоло ғоибона дар факулати таърихи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ таҳсил мекунад.

Ҷои дуюм насиби филми муҳаррири телевизиони маҳаллӣ Афзун Муаллибшоев гардид. Ин филм ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии як ҳофизи нобино бахшида шудааст, ки бо ҳунари худ тавонистааст рӯзгорашро сомон бахшад.

Кинофестивали «Нигоҳи баробар» бо ҳунарманоии овозхонҳои гурӯҳи ҳунарии «Чашмаи Носир» ба поён расид.

 

Апрель 19, 2017 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст