Хадамоти муҳоҷират: раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 % кам шудааст
ДУШАНБЕ, 19.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Россия 7 ҳазору 822 нафар, ки дар рўйхати манъшудагон дар маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират ба қайд гирифта шудаанд, муайян карда шуда, аз сафари бебарор баргардонида шуданд. Ин нукта дар маҷлиси ҳайати мушовара оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон зикр гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти мазкур хабар доданд.
Инчунин зикр карда шуд, ки дар ин муддат 112810 нафар шаҳрвандони кишварамон ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд. Аз ҷумла ба Федератсияи Россия — 110193 нафар ва ба Қазоқистон — 2617 нафар сафар кардаанд. Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31509 нафар ё 22 % кам шудааст.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки айни замон ба 1398 нафар шаҳрванди хориҷӣ иҷозат барои амалӣ намудани фаъолияти корӣ дода шуд, ки нисбат ба соли гузашта 881 нафар кам мебошад.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи гузаронидани амалиёт ва бо назардошти бурдани назорати доимӣ дар давраи ҳисоботӣ барои вайрон кардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 93 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз ин теъдод 35 нафари онҳо барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои будубош бо қарорҳои суд аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда шудаанд, ки нисбат ба соли 2016 17 нафар кам мебошад.








КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






